Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТУЛА

Шаҳри ТУЛА

ТУЛА, шаҳри қаҳрамон, маркази вилояти Тулаи РСФСР, дар соҳили дарёи Упа (шохоби Ока). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 529 ҳазор нафар (1984). Тула маркази калони саноатии Иттифоқи Советӣ аст. Сохаҳои асосии саноаташ: металлургияи сиёҳ, мошинсозӣ ва коркарди металл (заводҳои комбайн, мошинҳои кон ва нақлиёти, аслиҳа, «Штамп»— истеҳсоли мотороллер, самовор ва ғайра), химия (асосан маснуоти резини техникӣ тайёр мекунад), саноати сабук, хӯрокворӣ ва масолеҳи бинокорӣ. Тула институтҳои политехникӣ ва педагогӣ техникумҳои мошинсозӣ, механики (2-то), электромесханикӣ, коммуналию бинокорӣ, хоҷагии қишлоқ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, педагогӣ (2-то), мусиқӣ ва маданӣ-маърифатӣ, 3 театр, сирк, филармония за 3 музей дорад. Ёдгориҳои меъмориаш: Кремл (1514—21) бо калисои Успенский (1762—64), калисоҳои Благовещения (1692), Никола Зареский (1730—34, 1770 аз нав сохта шудааст), Вознесения (1755—87) ва ғайра.

tula-nochyu
Тула аз соли 1146 маълум аст. Аа соли 1503 — дар ҳайати давлати Москва. Дар асри 17 ба яке аз марказҳои оҳангарӣ табдил ёфт. Дар асри 19 дар Тула аслиҳасозӣ, коркарди металл ва истеҳсоли самовору гармон ривоҷ бфт. Октябр— декабри 1941 қисмҳои Армияи Советӣ ва сокинони Тула шаҳрро аз фашистони немис қаҳрамонона муҳофизат карданд. Тула бо ордени Ленин мукофотонида шуда (1966), сазовори номи фахрии шаҳри қаҳрамон гардидааст (1976).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …