Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТӮҚУМБОЕВ Аалӣ

ТӮҚУМБОЕВ Аалӣ

ТӮҚУМБОЕВ Аалӣ (тахаллс. Балқа; таваллуд 7. 11. 1904 раёни Кемини РСС Қирғизистон), нависандаи советии Қирғиз, яке аз асосгузорони адабиёти хаттии советии қирғиз, Шоири Халқии Қирғизистон (1945), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1974), академики Академияи Фанҳои РСС Қирғизистон (1954). Аъзои КПСС аз соли 1927. Университети коммунистии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1927). Асарҳояш аз соли 1924 нашр мешаванд. Муаллифи маҷмуаҳои «Дар бораи Ленин» (1927), «Гулҳои меҳнат» (1932), «Шеърҳои аввалин» (1934), повестҳои «Днестр ба баҳри чуқур мерезад» (1933), «Дили бисмил» (1940), достонҳои «Шаҳодатноман ман» (1955), «Таърихи зинда» (1969) ва романи манзуми «Пеш аз тулӯъ» (1967) ва ғайра. Асарҳояш ба бисёр забонҳои халқҳои СССР, аз ҷумла, ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. («Дар байни кӯҳҳо», Сталинобод, 1961). Бо 2 ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …