Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТӮҚСАБО

ТӮҚСАБО

ТӮҚСАБО, сардори қисми махсуси ҳарбиёни хонро гӯянд. Ҳамчун унвони ҳарбӣ дар хониҳои Осиёи Миёна маъмул буд. Дар асри 19 он ба сардори умумии қисми ҳарбӣ табдил ёфт. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 Тӯқсабо дар силсилаи мансабҳои ҳарбии аморати Бухоро, ки аз 15-то иборат буд, дар ҷои ҳафтум меистод ва ба тӯпчибошии лашкар итоат мекард. Ю. Бозоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …