Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУҒРОИ МАШҲАДӢ

ТУҒРОИ МАШҲАДӢ

ТУҒРОИ МАШҲАДӢ Мулло Туғро; тахаллус дигараш Шефта (соли таваллуд номаълум, Машҳад — вафот 1667, Кашмир), шоир ва насрнависи форсизабони Ҳиндустон. Яке аз намояндагони маъруфи сабки ҳиндӣ. Куллиёти Туғрои Машҳадӣ муштамил ба «Соқинома» (дар шакли маснави), қасоид, ғазалиёт, қитаот, фардиёт, таркиббандҳо, тарҷеъбандҳо ва мухаммасот буда, бештар аз 27500 байтро дар бар мегирад. Туррои Машҳадӣ дар «Соқинома» (9144 байт) беадолатию боинсофӣ, ришвахӯрӣ ва фиребу найранги воизону қозиён ва муфтию муллоҳоро сахт мазаммат кардааст. Рисолаҳои Туррои Машҳадӣ бо насри маснӯъ дар васфи табиати Кашмир ва одамони помдори ои замон, шарҳи девони Ҳофизи Шерозӣ, маснавиҳои ҳафтгонаи Зулолии Хонсорӣ тавсифу ташреҳи ҳунари нависандагӣ, воситаҳон тасвири бадеӣ, санъати мусиқӣ, номи рустаниҳо ва дар ҳаҷви амалдорони дарбор таълиф шудаанд. Соли 1871 дар Конпур 18 рисола ва руқаоти Туғрои Машҳадӣ бо шарҳу тавзеҳот ба табъ расидааст.
А. Алимардонов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …