Маълумоти охирин

ТУҒРО

tughro

ТУҒРО (туркӣ — мӯҳри шоҳ, фармон), навъе аз хати арабии ороишист, ки аз ибтидои асри 16 маълум аст. Хати туғро аз сари ҳарфи ном ва лақаби шоҳон ба тарзи махсуси «бофта» (ғулхат) дар шакли монограмма таркиб ёфта, дар сари фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ навишта мешуд.  Ҷузъҳои ҳарф дар ин хат тарзи устувори навишт надорад ва вобаста ба мавқеаш дар калима шакли хамида ва ё ростхатта мегирад. Хати туғро мисли хати тавъамон шакли дутарафа ҳам дошта метавонад. Дар ин маврид хати туғро аксаран шакли тарҳи уқоби болкушодаро мегирад, ки он рамзи тавонгириву ҳукмфармоин шоҳони вақт ҳисоб мешуд. Хати туғро дар китобати муқаррарӣ истифода намешавад. Э. Оқилов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …