Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУҒРАЛИ САЛҶУҚӢ

ТУҒРАЛИ САЛҶУҚӢ

ТУҒРАЛИ САЛҶУҚӢ Туррулбек Муҳаммади Салҷуқӣ (тақрибан 993—1063), асосгузори давлати Салчуқиён. Туғрали Салчуқӣ ҳамроҳи бародараш Ҷағрибек пешвои қабилаҳои кучманчии ғуз (туркман)-и Хуросон буд. То соли 1038 шаҳрҳои калонтарини Хуросонро аз давлати Ғазнавиён рабуда худро дар шаҳри Нишопур ва Ҷағрибекро дар шаҳри Марв султон эълон мекунад. У соли 1040 дар муҳорибаи назди Дандонакон қӯшуни Султон Масъуди Ғазнавиро шикаст дода, Хуросонро ба худ тобеъ намуд. Баъди марви бародараш Ҷағрибек Туғрали Салчуқӣ султони ягонаи давлати Салҷуқиён шуд, ки пойтахташ шаҳри Рай буд. Дар солҳои охири ҳукмронии Туғрали Салчуқӣ ҳудудҳои давлати Салҷуқиён аз дарёи Омӯ дар Шарқ то ба
дарёи Фурот дар Ғарб тӯл кашид. Туғрали Салчуқӣ худро ҳомии равияи суннии ислом медонист ва баҳри мустаҳкам кардани дини ислом мубориза мебурд. “Ӯ лақаби «рукни дунёву дин»-ро гирифта буд. Қ. Бобоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …