Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУҒРАЛ Нақибхон

ТУҒРАЛ Нақибхон

tughral-n

ТУҒРАЛ (таҳаллус; номаш Нақибхон, азбаски аз авлоди Хоҷа Аҳррори Валӣ буд, бо нисбаи Аҳрорӣ ёд мешавад; 26. 3. 1865, деҳаи Зосуни ҳозира раёни Айнӣ — 28. 6. 1919, деҳаи Сангистони раёни Айнӣ), шоири тоҷик. Дар Самарқанду Бухоро таҳсил кардааст. Чанде дар назди Шоҳин хондааст. Пас аз таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, ба деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул шуд. Баъд аз Револбтсияи Октябр ба хизмати Хукумати Советӣ даромад. Дар яке аз муҳорибаҳо барои озод кардани деҳаи Шаватки Боло ба тӯҳмати аксулинқилобиён ба қатл расидааст.
Аз Туғрал қасидаҳо, ғазалҳо, маснавиҳо, қитъаот ва ғайра боқӣ мондаанд, ки дар девонаш фароҳам омадаанд.
Туғрал дар шакли маснавӣ достони «Лайлӣ ва Маҷнун» (139 байт, нотамом), «Соқинома» (дар пайравии «Соқинома»-и Бедил), манзумаи «Наврӯзнома» ва номаҳои манзумро бо унвони «Арза» таълиф кардааст.
Тасвири симоҳои шеъру адаб ва баёни афкори адабию эстетикӣ аз навоварии Туғрал дар қасидасароист. Ғазал қисми асосии ашъори лирикии Туғралро ташкил медиҳад. У дар ғазал пайрави Бедил аст, бо тазмини байте ё мисрае вазну қолабу образҳои шеърии ӯро такрор намудааст, ки ин ҳолат гоҳо сабаби тангии доманаи мазмуну ғоя гардидааст. Туғрал дар ғазалҳояш мазмуну мавзӯъҳои анъанавии фалсафию ахлоқӣ ва ишқиву иҷтимоӣ (шикоят аз ҳаҷри ёр, зулму ташвиши рӯзгор, сарзаниши «дунёи дун»-у эътирофи «қисмати азалӣ», бехирадии зоҳиду нокасии давлатдорон, авомфиребии муллоҳон чаласаводу рӯҳониёни иртиҷоӣ)-ро ба риштаи таҳрир кашида, мардумро ба ғанимат донистани зиндагӣ, дӯст доштану ишқ варзидан, мард будану саховат кардан даъват менамояд. Санъатҳои бадеиро моҳирона истифода кардааст. Забони ашъораш содда аст. Андешаҳои ҳиҷоиву мутоиботи шоир гоҳо ба дараҷаи ҳаҷви тезутупди иҷтимоӣ расидаанд.
Ашъори дилнавозу рӯҳпарвари Туғрал шарики ғаму шодии мардуми тоҷик гардида, дар Осиёи Миёна интишору эътибор ёфтааст. Якчанд ғазали ӯ ба «Шашмақом» ворид гардидаанд.
Осор: Гиёҳи меҳр, Душанбе, 1986.
Адабиёт: Маъсумӣ Н. Асосҳои мунтахаб, ҷилди 1, Душанбе, 1977; Гулшани адаб, ҷилди 5, Душанбе, 1978. А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …