Маълумоти охирин

ТУҒЛА

ТУҒЛА, зарфи сафолиест, ки маъмулан барои кашидани равғани ҷурғот истифода мешавад. Туғларо мардуми Яғноб аз қадим ба сифати гуппӣ ё чархдег истифода мекард.
Туғла дар қисми гарданааш дастаи паҳну хурд ва ҷумаки кӯтоҳе дорад. Қисми поёнию даҳони Туғла танг, танааш нисбатан васеъ аст.
Ба Туғла тақрибан 10—12 л ҷурғот андохта, нӯги ҷумак ва даҳони зарфро маҳкам баста онро ғелонидан мегиранд. Баъди ҷудо шудани равған дӯғро аз ҷумаки Туғла ба дигар зарф мерезанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …