ТУҒ

ТУҒ, тӯғ, тӯғдоӣ, тоғ, тоғ, доғ, тоқ, қатаранг (Сeltis саucasica), дарахтест аз оилаи садаиҳо. Аз 5 то 20 м қад мекашад. Дарахти сербаргу сершох буда, танааш суфта (ғафсиаш 70—-80 см), пӯстлохаш хокистарранги хеле базеб. Туғ дар шароити табиӣ одатан буттамонанд мешавад. Мевааш донакдор, ҷигарӣ, зардча, ҷигарии сурхтоб, сиёҳтоби ширин, таъми хуши махсус дорад. Асосан дар нишебии қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ (800—2100 м аз сатҳи баҳр) месабзад.

tugh

Дар ноҳияҳои кӯҳсори республика Туғи 100— 120-сола ҳастанд. Туғ то 200 сол месабзад. Туғ сояафкан ва зебост, нишебиҳои Кӯҳро мустаҳкам мекунад, хокро аз обшӯй шудан бозмедорад. Туғдонаи ширину хуштаъми он хӯрданбоб аст, онро хушконида орд мекашанд ва ба орди гандум ҳамроҳ карда «нони ширин» мепазанд. Туғдона кори узвҳои ҳозимаро қувват медиҳад. Табибон бо решаи Туғ саръ («дарди гирак»)-ро табобат мекунанд. Пӯстлохашро барои даббоғӣ ва ранг додани пӯст истифода мебаранд. Пештар дарахти Туғро барои ҳезум бурида нобуд мекарданд. Саффори Марғазӣ гуфтааст:
Ишқ оташи тезу ҳезуми тох манам,
Гар ишқ бимонад инчунин, ох, манам!

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАҲО

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …