Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУФОНИ НУҲ

ТУФОНИ НУҲ

ТУФОНИ НУҲ мувофиқи ривоятҳои мазҳабӣ ишора ба обхезиест, ки дар замони Нӯҳи пайғамбар ба амал омада буд. Вақте пайғамбарӣ ба Нӯҳ расид, гӯё худованд ба ӯ фармуд, ки дарахти соҷ бинишонад. Чун ниҳол калон шуд, аз чуби он киштие сохт, ки дарозиаш 300 газ, бараш 50 газ, баландиаш 30 газ буд. Мегӯянд, ки ин киштӣ сё ошёна дошт, ошёнаи якум барои ҳайвонот, ошёнаи дуюм барои одамон ва ошёнаи сеюм барои паррандагон. Вақте тӯфон сар шуд, Нӯҳ бо хонавода ва умматонаш вориди киштӣ шуда аз ҳалокат наҷот ёфт. Баъди фурӯ ншпастани тӯфон киштии ӯ бар Ҷудӣ ном кӯҳе фуруд омад. Ҳамаи мавҷудоти дигар ба ҷуз киштӣ будагон ғарқ шуда буданд.

tufon
Туфони Нуҳ аз ҷиҳати ғоя аз ривоятҳои қадимаи ошуриён ғизои маънавӣ гирифтааст ва дар байни халқҳое, ки дар соҳили баҳру уқёнусҳо зиндагӣ мекарданд, интишор ёфтааст. Бисёр шоирони бузурги адабиёти классикии форс-тоҷик дар ашъорашон аз Туфони Нуҳ ёд кардаанд.
У. Тоиров, П. Филатова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …