Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУФОҲАК

ТУФОҲАК

ТУФОҲАК, травертин, ҷинси кӯҳии масомадорест, ки дар натиҷаи аз чашмаҳои гарм ё хунук таҳшин шудани карбонати калций ба вуҷуд меояд.

tufohak

Дар аксари туфоҳак нақши растаниҳо ва баъзан гӯшмоҳиҳо боқӣ мондааст. Туфоҳак дар Гармчашма (райони Ишкошими ВАБК) фаровон аст. Туфоҳак ҳамчун масолеҳи бинокорӣ, санги ороишӣ ва барои оҳакпази истифода мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …