Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Шаҳри ТӮС

Шаҳри ТӮС

290px-tomb_of_ferdowsi

ТӮС, шаҳр ва вилояти ваърихиест дар шимолу-шарқи Эрони имрӯза. Он дар асрҳои миёна шаҳрҳои Тӯрон, Навқон, Бруғун, Ройкон, Банвоза, Тобарон ва деҳаи Сунободро дар бар мегирифт. Аз Тӯс роҳи тиҷоратии Шарқу Ғарб мегузашт. Тӯсро соли 651 арабҳо истило намуданд. Соли 900 ба ҳайати давлати Сомониён дохил шуд ва қариб як аср маркази илму маданият буд. Баъди ба сари ҳокимият омадани Ғазнавиён Тӯс рӯ ба таназзул ниҳод. Соли 1040 Салҷуқиён, 1153 оғузҳо Тӯсро ишғол намуданд. Дар ин давра вилоят хароб гардид. Онро соли 1187 Хоразмшоҳиён ба тасарруфи худ дароварданд ва 1220—23 муғулҳо забт намуданд. Баъди дар Осиёи Миёна ва Эрон барҳам хурдани ҳукмронии муғулҳо Тӯс бо якҷоягии Қучон, Калот, Абевард, Нисо ва Марв як давлати хурд ташкил намуд. Соли 1382 Темур онро тобеи худ кард. Соли 1389 халқ ба муқобили Темур бархост. Темур ин шӯришро бераҳмона пахш карда, 10 ҳазор аҳолии Тӯсро қатл намуд ва дар назди дарзозаҳои шаҳр калламанора сохт.

Тӯс минбаъд тобеи намояндаи Темуриён Ҳусайн Бойқаро (1469—1508) ва Сафавиёни Эрон гардид.

Харобаҳои Тӯс то ибтидои асри 19 вуҷуд доштанд. Ҳоло аз Тӯс як пули вайрона дар Кошифруд, қалъаи 8-бурҷа ва 36 сутуни катибадор дар ҷануби шарқи Ройкон боқӣ мондаанд.

Адабиёт: Бартолд В. В., Историко-географический обзор Ирана, Сочинение, том. 7,

Москва, 1971.         Т. Муҳиддинов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …