Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТРУБЕСКОЙ Николай Сергеевич

ТРУБЕСКОЙ Николай Сергеевич

ТРУБЕСКОЙ Николай Сергеевич (16. 4. 1890, Москва—25. 6. 1938, Вена), забоншиноси рус, яке аз намояндагони барҷастаи мактаби забоншиносии Прага, асосгузори фонология. Дар Университетҳои Москва ва Лейпсиг таҳсил кардааст (1908—14). Солҳои 1915—18 дар Университетҳои Москва ва Ростов муаллим буд. Профессори филологияи славянии Университетҳои София (1920) ва Вена (1922), мудири каредраи филологияи славянии Университети Вена (аз соли 1923). Асарҳои Трубеской ба тадқиқи масъалаҳои гуногуни фонетика ва морфологияи таърихӣ, шевашиносӣ, муносибати байниҳамдигарии забонҳои славянӣ, таърихи адабиёти славянӣ, этнография ва ғайра оиданд. Асари барҷастаи ӯ «Асосҳои фонология» (1939) мебошад, ки дар он зиёда аз 100 системаи фонологии забонҳои гуногун тавсиф шудааст. Ақидаҳои Трубеской то имрӯз қимати илмии худро гум накардаанд. Барои хизматҳои барҷастааш дар соҳаи забоншиносӣ, дар рӯзи 25-солагии вафоташ дар назди Университети Вена ҳайкали Трубеской гузошта шуд.
Осор: Мысли об индоевропейской проблеме, «Вопросы языкознания», 1958, 1; Освовы фолологии, Москва, 1960.
А. Горбачевский.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …