Маълумоти охирин

ТРУБА

ТРУБА, сози мусиқии нафасии оркестрӣ ва якканавозии регистраш баланд. Труба аз наи дарози тобхурдае иборат буда, даҳанааш мисли сурнай мудаввари васеъ аст.

truba

Дарозии наи он 1500 мм ва қутраш 11 мм. Аввал трубаҳои бевентил маъмул буда, аз соли 1816 нахустин трубаҳои вентилноки қаторовози хроматикӣ дошта пайдо шуданд. Ҳоло намудҳои зерини труба мавҷуд аст: трубаи хурд ё трубаи пиккодо, трубаи алт, трубаи бас ва трубаи мисрӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …