ТРИХОМОНОЗ, трихомониаз, бемории илтиҳобии узвҳои пешоброну ҷилсии одам ва ҳайвон, ки грихомонадаҳо ба вуҷуд меоранд. Барангезандаи Трихомонози одам Ttrichomonas мебошад. Манбаи касалӣ худи бемор ё ҳомилини трихомонадаҳо мебошад. Ангезандаи трихомоноз бо роҳи алоқаи ҷинсӣ (баъзан ба воситаи сачоқи умумӣ ва ғайра) мегузарад. Шакли асосии трихомоноз дар мардҳо уретрит (илтиҳоби пешоброҳа) ва дар занҳо вагинити (илтиҳоби маҳбал) трихомонадӣ мебошад. Трихомоноз бемории давомнок ва такроршаванда буда, зуҳури он ба марҳилаи беморӣ (шадид, музмин) ва ҷои илтиҳоб вобаста аст. Трихомонозро дар асоси шикоятҳои бемор ва тадқиқи микроскопии такшони пешоб, обиятҳои аз маҳбал ва роҳҳои пешоб гирифташуда муайян мекунанд. Муолиҷа: ҳар ду фарди бо ҳам алоқаи ҷинсӣ дошта баробар бо метронидазол (трихопол, флагил) дар асоси нишондоди духтур муолиҷа карда мешавад. Дар давраи муолиҷа ҷимоъ манъ аст.