Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ТРОПИКҲО

ТРОПИКҲО

ТРОПИКҲО (аз юнонӣ tropekos) — доираи гардиш), доираҳои параллелй, доираҳои параллелии фаразӣ, ки дар сатҳи кураи замин аз экватор 23°27′ шимолтар ва ҷанубтар мегузаранд. Шимолтар аз акватор тропикҳои шимолӣ (ё мадори Саратон), ҷанубтар тропикҳои ҷануби (ё мадори Ҷадӣ) воқеъ гаштаанд. Дар рӯзи инқилоби тобистонаи Офтоб (нигаред Инқилоби Офтоб) 21 е 22 июн Офтоб аз нуқтаи шимолтарини эклиптика гузашта, дар маҳалҳои Тропики шимолӣ нисфирӯзӣ ба қиём меояд.

tropikho

Дар ин вақт дар Нимкураи шимолӣ рӯзи дарозтарин ва дар Нимкураи ҷанубӣ шаби дарозтарин фаро мерасаяд. Инқилоби зимистонаи Офтоб бошад, ба 21 ё 22 декабр рост меояд, ки дар ин вақт дар маҳалҳои тропикҳои ҷанубӣ рӯзи дарозтарин ва дар тропикҳои шимолӣ шаби дарозтарин ба вуқӯъ меоянд. Байни тропикҳо минтақаи тропикӣ ҷой гирифтааст, ки дар ҳар маҳалли он Офтоб соле 2 маротиба ба қиём меояд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …