Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТРОМБОЗ

ТРОМБОЗ

tromboz

ТРОМБОЗ, (аз юнонӣ rtombosis — лахтшавӣ), таҷаллуд, тахассур, дар рагҳои хун ё ҳуфраҳои дил пайдо шудани лахтаҳои хун. Иллати девораи рагҳо; сустшавии ҷараёни хун, баланд шудани қобилияти дурдабанди ва ғализии он боиси инкишофи тромбоз мегарданд. Бештар тромбози венаҳои канорӣ ва баъзан системаи артериявӣ ба вуҷуд меояд. Тромбози рагҳои иклилӣ боиси инфаркти миокард (сактаи дил) ва тромбози хунрагҳои майна сабабгори сакта мешавад. Барои ташхиси тромбоз усулҳои тадқиқоти биохимиявӣ ва рентгениро истифода мебаранд. Муолиҷа: моддаҳои зидди дурдабандӣ (антикоагулянтҳо), фибринҳалкунанда (фибринолитикҳо) бартарафкунандаи ташаннуҷи рагҳо(спазмолитикҳо), зидди илтиҳоб, бо роҳи ҷарроҳӣ гирифта партофтани тромб ва ғайра.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …