Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТРИХОГРАММА

ТРИХОГРАММА

trixogramma

ТРИХОГРАММА (Trichogramma), як навъ савораки тухмхӯрест аз қатори пардаболҳо. Ҳашароти хурд (0,3-0,6); рангаш аз зардчатоб то бӯри сиёҳтоб. Трихограмма дар 215 намуди 6 қатори ҳашарот (алалхусус шапалакҳо ва пардаболҳо) паразитӣ мекунад. Дар СССР трихограмма еvanescnnc (нигаред расм) бештар аҳамияти хоҷагӣ дорад. Вай бештар дар 100 намуди шапалакҳо, аз он ҷумла дар куяи ғалладона, шапалакҳои кирми карам ва кирми тирамоҳӣ, парвонаи ҷуворимакка, мевахӯраки себ паразитӣ мекунад. Баъзан 90—100% тухми ҳашаротҳои зараррасонро барҳам медиҳад. Трихограмма palida дар мевахӯраки себ ва баъзе баргпечонакҳо, Трихограмма pini бошад, асосан дар кирмаки абрешими санавбар паразитӣ мекунад. Трихограммаро дар пахтазорҳои баъзе районҳои реопубликаамон ба муқобили кирми ғӯза истифода мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …