Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТРИХОФИТИЯ

ТРИХОФИТИЯ

ТРИХОФИТИЯ шукуфаи мӯйчин, саъфа, бемории занбӯруғии одам ва ҳайвонот, ки ба гурӯҳи трихомикозҳо (нигаред Дерматомикозҳо) мансуб аст. Барангезандаи Трихофития занбӯруғҳои ҷинси трихофитон буда, 83 онҳо асосан пӯст, мӯй ва нохун осеб меёбанд. Манбаи касалӣ одам ва ҳайвони бемор инчунин ашёи занбӯруғчадор меоошад.

trixofitiya

Ба трихофития бештар бачагон гирифтор мешаванд. Ҳангоми трихофитияи сатҳӣ, ки занбӯруғҳои дар одам паразитикунанда (антропофилӣ) ба вуҷуд меорад. Дар пӯст доғҳои гулобиранги мудаввари канорҳояшон барҷастаю миёнаҷояшон пӯстпарто ба вуҷуд меоянд. Мӯи ҷои иллатёфтаи сар тунук ва мӯрт мешавад. Нохунҳо хокистарранги тира, канорҳояшон ноҳамвор ва ғафс шуда, худ аз худ майда шуда мерезанд. Трихофитияи чуқур ҳангоми бо занбӯруғҳои дар ҳайвонот паразитикунанда (зоофилӣ) сироят ёфтан рӯй медиҳад, ки дар натиҷа онҳо ба қабати пӯст даромада гиреҳҳои газакноки чирковар пайдо мекунанд. Мӯйи ҷои касалӣ пурра мерезад ва ҳангоми фишурдани он мадда мебарояд. Пешгирӣ: Ҳар сари чанд вақт аз назар гузаронидани бачагон, ҷудо кардани беморон, дезинфекцияи ашё, назорати ветеринарӣ.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …