Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТРИХИНЕЛЛЁЗ

ТРИХИНЕЛЛЁЗ

ТРИХИНЕЛЛЁЗ, бемории гелминтози одам ва ҳайвонот, ки трихинаҳо ба вуҷуд меоранд. Одам аз трихинеллёз ҳангоми истеъмоли гушти хом ва ё нимхом сироят меёбад, баъди 10-25 (баъзан 2-35) шаборуз ҳарорати бадан баланд ( то 39° С) шуда, пилки чашм ва рӯи варам ва сар дард мекунад; аксар дар пуст доначаҳо пайдо мешавад. Беморӣ 1-2 ҳафта давом мекунад. Баъзан аз трихинеллёз одам ҳалок мегардад. Боди трихинеллёз миокардит, хафақон, пневмония ва ғайра мебошанд.

trixinelyoz
Муолиҷа: истеъмоли тиабентазол (минтезол), воситаҳои зиддиалергӣ ва ғайра.
Ба трихинеллёз бештар аз 100 намуди ҳайвоноти хонагӣ (махсусан хук) ва ваҳшӣ гирифтор мешаванд.
Пешгирӣ: аз худсарона чаронидани чорво (ахсусан хукҳо) дар бешазор ва наздикии маҳалҳои аҳолинишин худдорӣ кардан; ба ҳайвонот надодани ғизое, ки пасмондаҳои гушт дорад; аз назорати ветеинарию санитарӣ гузаронидани ғизоҳои гуштдор. Л.Ф.Боргаренко.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …