Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ТРИПОЛИ

ТРИПОЛИ

ТРИПОЛИ (арабӣ Тарабулус-ул- ғарб пойтахти Либия. Бандар дар соҳили баҳри Миёназамнн. Аҳоли аш қариб 1 млн нафар (1982).
Триполӣ маркааи асосии тиҷоратию саноатӣ ва молиявии мамлакат, бандар, узели роҳҳои автомобилгард.
Аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист. Соҳаҳои саноаташ: хӯрокворӣ (орду равғанкаши, таҳвили тамоку, консерви моҳӣ), бофандаги, чарм, коркарди нефт.

tripoli

Станцияи электрии ҳароратб сохта шудааст. Ҳунармандӣ (қоливбофӣ, либосу пойафзолдӯзӣ, маснуоти бадеӣ) ривоҷ ёфтааст. Аз баҳр моҳи медоранд. Университет, Институти алоқаи почта ва телекоммуникация, Мактаби санъати
амали ва ҳунарманди, як қатор ҷамъиятҳои илмӣ, Китобхоная давлатӣ, музейҳои таърихи табиат ва археология, театрҳо, омӯзишгоҳи мусиқию драммавӣ ва ғайра дорад. Дар қисми кӯҳнаи шаҳр – Мадина ёдгориҳои меъморӣ бисёранд. тоқи зафар (асри 2), масҷидҳо (асрҳои 17-18) қасрҳо ва ғайра.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …