Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТРИКОТАЖ

ТРИКОТАЖ

ТРИКОТАЖ (франсавӣ tricotage аз tricoter — бофтан), катон (суфи канабӣ) ё маснуотеро гӯянд, ки аз якчанд ресмони ногусастаи бо ҳам  ҳалқабандкарда бофта мешавад. Ду усули асосии бофти трикотаж— кӯндаланг ва асосдор маъмул аст. Барои тайёр намудани трикотаж ресмони пашмин ва пахтагинро истифода мебаранд. Вобаста ба таъинот трикотажи либосн таг, либоси рӯ, ҷуробӣ, дастпӯшакӣ, рӯймолу шарфӣ маъмул аст. Дар Тоҷикистон саноати трикотаж баъди. Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд шуд.

mato

Фабрикаи трикотажи шаҳри Душанбе (1945) барои истеҳсоли трикотажи либоси таг таъин шудааст. Он соли 1981зиёда аз 6 млн адад маснуоти трикотажӣ баровард. Фабрикаи ҷуроббофии шаҳри Душанбе, ки соли 1958 ба кор даромада буд, ҳозир дар як сол зиёда аз 30 млн ҷуфт ҷуроб мебарорад. Фабрикаи трикотажи шаҳри Уротеппа (1966) ҳозир дар як сол тақрибан 4,5 млн адад костюми спортии пашмӣ ва пахтагӣ, свитер ва кофтаҳои гуногун, либосҳои кӯдакон ва ғайра иетеҳсол мекунад, ки қариб 15% он нишони сифати давлатӣ гирифтааст.
Ю.Н. Шершен

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …