Маълумоти охирин

ТРИАС

trias

ТРИАС, давраи (системаи) триас (юнонӣ trias—сақисма, сеқабата), давраи аввалини эраи мезозой, ки 230 млн сол муқаддам сар шуда, қариб 35 млн сол давом кардааст. Истилоҳи «триас»-ро соли 1834 олими немис Ф. Алберти ба илм дохил намуд. Давраи триас ба замонҳои аввал, миёна ва охир, системаи триас бошад, ба қисмҳои поён, миёна ва боло тақсим мешавад. Иқлими триас хеле гарм, нимаи якуми давра хушк ва нимаи дуюмаш сербориш буд. Дар давоми давра олами органикӣ ба кулли тағйир ёфт. Дар баҳрҳо бемӯҳраҳо (аммоноидеяҳо, пелецилодаҳо, гастроподаҳо) бисёр буданд; аввалин белемнитҳо ва моҳиҳои устухондор пайдо шуданд. Динозаврҳо — хазандаҳои калонҷусса хеле инкишоф ёфта, нахустин ширхӯрон (тухмгузорҳо ва сумдорҳо) ба вуҷуд омаданд. Олами набототи триас асосан аз сарахсҳо, сикадофитҳо, гинкоҳо ва сузанбаргҳо иборат буд. Сарватҳои зеризаминии триас: ангишт, нефт, алмос, уран, маъданҳои мису никел ва ғайра. Таҳнишастҳои давраи триас дар Помир ва Тоҷикистони Марказӣ мавҷуданд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …