Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТРИБУНАЛИ ҲАРБӢ

ТРИБУНАЛИ ҲАРБӢ

ТРИБУНАЛИ ҲАРБӢ, дар СССР судҳои махсусеро номанд, ки ҷнноятҳои ҳарбӣ ва дигар ҷиноятҳоро дар асоси қонун дида мебароянд ва дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР адолати судиро барқарор менамоянд. Трибунали ҳарбии революсионӣ соли 1918 дар назди Советҳои ҳарбии революсионии армияҳо, фронтҳо ва республикаҳо ташкил ёфта, дар давраи ҷанги гражданӣ, интервенсияи ҳарбии солҳои 1918—20 ва дар мубориза бар зидди контрреволюсия кори зиёдеро анҷом дод.

sys-hukuk
Аъзоёни доимии трибунали ҳарбиро (аз ҷумла раисони онро) Президиуми Совети Олии СССР ба мӯҳлати 5 сол, машваратчиёни халқиро маҷлисҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба мӯҳлати дуним сол интихоб мекунанд. Трибунали ҳарбӣ корҳои зеринро дида мебарояд: тамоми ҷиноятҳои хизматчиён ва ӯҳдадорони ҳарбӣ — офицерон, сержантҳо ва аскарони қатории органҳои бехатарии давлатӣ; ҷиноятҳои зидди тартиботи муқарраршудаи хизмат, ки роҳбарони муассисаҳои ислоҳию меҳнатӣ, инчунин офицерон, сержантҳо, ва аскарони қатории муҳофизати ВКД-и СССР содир кардаанд; ҷиноятҳои ҷосусӣ ва айбдоршавандагони дигаре, ки қонун махсусан нишон додааст.
Суди Олии СССР ба трибунали ҳарбии қувваҳои Мусаллаҳи СССР ба воситаи Коллегияи ҳарбии худ роҳбарӣ мекунад ва ба фаъолияти он дар ҳудуди қонунгузории СССР назорат менамояд. Вазорати адлияи СССР роҳбарии ташкилии трибунали ҳарбиро мувофиқи тартиботи пешбинишудаи қонунгузории СССР ба ҷо меорад.
М. Раҷаббеков.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …