Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТРЕМОЛИТ

ТРЕМОЛИТ

ТРЕМОЛИТ (аз носми водии Тремола дар ҷануби Швейцария), минерал аз гурӯҳи амфиболҳои моноклинӣ, Са2Мg5(Si4O11]2· (ОН, Ғ)2. Омехтаҳояш Na, Ғе, Мn, Cr, АI, Р. Кристаллҳояш сафеди хокистартоби сӯзаyшакл. Сахтиаш а—6,5; зичиаш қариб 3000 кг/м3.

tremolit

Тремолит ҳамчун минерали хоси метаморфӣ дар байни оҳаксангу доломитҳои кристаллӣ, роговикҳо ва кристаллҳои калони он дар рагҳои навъи алпӣ ва пегматитҳо вомехӯрад. Конҳои Тремолит дар СССР (Урали Ҷанубӣ, Наздибайкал, Узбекистон), Италия ва ҷазираи Корсика маяҷуданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …