Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТРАХОМА

ТРАХОМА

ТРАХОМА (юнонӣ trachus — шахшӯл), кӯкра, шилпуқ, бемории сироятиву музмини чашмро гӯянд. Ҳангоми трахома дар конюнктиваи варамкарда ва сурхшуда доначаҳои хокистарранг (фолликулҳо) ба вуҷуд меоянду сипас ба захм ва бофтаи хадшабанд мубаддал мешаванд. Барангезандаи Трахома микроорганизмҳои вирусмонанд — хламидияҳо буда, онҳо дар хуҷайраҳои эпителии конюнктиваи чашм афзоиш меёбанд. Асосан ба воситаи дасти ифлос ва ашёи рӯзгор (рӯймолча, сачоқ, болин ва ғайра), ки аз риму фасод ва ё оби чашми одами касал олуда шудаанд ва инчунин магас сироят мекунад. Ба трахома одатан ҳар ду чашм гирифтор мешавад.

trahoma

Давраи инкубасионии трахома 7-14 шаборӯз. Давомати касалӣ аз чор давра иборат аст; 1) газак гирифтани бофтаҳои конюктивӣ, паидошавии фолликулаҳои нимшаффоф дар чинҳои интиқолии он ва пардаи пайвасткунандаи тағояки пилк, ҷудошавии луоби фасоднок; 2) дар заминаи афзоиши аломатҳои номбурда ба вуҷуд омадани хадшабанди; 3) афзудани ҷараёни хадшабандӣ; 4) анҷом ёфтани хадшабандӣ ва нест шудани фолликулаҳои газаки бофтаҳо (илтиём). Агар трахома табобат карда нашавад, бемори мумкин солҳои зиёд давом кунад. Ҳангоми трахома, ғайр аз конюнктива, аксаран қарния иллат меёбад. Паҳншавии инфилтрасия ва хадшабандӣ дар паю тағояки пилк боиси фуруд омадани пилки боло ё тобхӯрии пилк ва сипас инкишофи нодурусти мижаҳо (трихиаз) ва маҷрӯҳшавии механикии қарния мегардад. Оқибат трахома ба ксерофталмия (хутакии пардаи дуобӣ ва қарнияи чашм) мубаддал мегардад. Сустшавии босира ба дараҷаи иллатёбии қарния вобаста аст. Пеш аа революсия дар Тоҷикистон (хусусан дар раёнҳои ҷанубӣ) трахома яке аз касалиҳои хеле паҳнгардида буд. Соли 1928 дар Душанбе якумин диспансери трахоматозии шаҳрӣ (сардухтураш А. Ф. Парадоксов) кушода шуд, ки он соли 1942 ба диспансери республакавӣ табдил ёфт. То соли 1936 дар Тоҷикистон трахома чун касалии оммавӣ барҳам хурд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …