Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТРАНСПЛАНТАЦИЯ

ТРАНСПЛАНТАЦИЯ

ТРАНСПЛАНТАЦИЯ (аз лотинӣ trans-plantatio — пайванд, кӯчат кардан),1) дар одам ва ҳайвонот пайванд кардани узву бофтаҳоро гӯянд. Ин усули ҷарроҳӣ аз давраҳои қадим маъмул мебошад. Трансплатансияи пӯст, мушакҳо, пай, сиёҳрагҳо, асаб, қарнияи чашм, бофтаи устухон ва чарбу, дил, гурда ва ғайра маъмул аст.

transplantaciya

Хунгузаронӣ — намуди махсуси трансплатансия аст. Трансплатансияро дар биология, тибби таҷрибавӣ (дар ҳайвонот) ва амалӣ истифода мебаранд. 2) Трансплатансия дар наботот — пайванд намудани ягон қисми растанӣ ба ҷои муайяни ҳамон растанӣ ё растании дигар. Дар боғдорӣ ва тадқиқоти эксперименталӣ низ истифода мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …