Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТРАНСГРEССИЯ

ТРАНСГРEССИЯ

transgressiya

ТРАНСГРEССИЯ (аз лотинӣ (trans-gressio — гузариш, аз ҷое ба ҷое ҳаракат кардан), ба хушкӣ ҳаракат кардани оби баҳр. Трансгрессия бештар дар натиҷаи паст шудани хушкӣ (баъзан аз бардошташавии сатҳи уқёнус) ба амал меояд. Ин ба пасту баландшавии қишри Замин вобастагӣ дорад. Трансгрессияҳо дар тамоми давраҳои геологии Замин рӯй медоданд, ки калонтарини онҳо дар замонҳои кембрийи поён ва миёна, девони боло — карбони поён ва табошири боло ба амал омадаанд. Ҳоло дар соҳилҳои Голландия (Нидерландия), Белгия, шарқии Англия, шарқии Америкаи Шимолӣ, инчунин дар соҳили баҳрҳои Баренц, Сафед ва Кара ҷараён дорад. Ҳодисаи акси Трансгрессияро регрессия меноманд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …