Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТРАНСФОРМАТОРИ ЭЛЕКТРӢ

ТРАНСФОРМАТОРИ ЭЛЕКТРӢ

ТРАНСФОРМАТОРИ ЭЛЕКТРӢ, олати статикиеро гӯянд, ки барои тағйир додани бузургии шиддати тағйирёбанда таъин шудааст. Тарзи кори трансформатори электрӣ ба ҳодисаи индуксияи электромагнитӣ асос ёфтааст. Трансформатори электрӣ якпечаи аввал (ПА), як ё якчанд печаи сонӣ (ПС) ва дилаки ферромагнитӣ дорад. Ҳамаи печаҳо дар болои дилак ҷой гирифта, бо ҳам алоқаи индуктивй доранд. Баъзан вазифаи печаи сониро як қисми печаи аввал иҷро мекунад (ё баръакс); печаи трансформатори электриро автотрансформатор меноманд.

transformatori-el
Трансформатори электриро бори аввал соли 1876 П. Н. Яблочков дар занҷири чароғи электри истифода бурдааст. Соли 1890 электрэтехники рус М. О. Доливо-Доброволский трансформатори электрии сефазаро ихтироъ намуд. Минбаъд трансформатори электрӣ аз ҷиҳати конструксия, афзоиши иқтидор ва к. а. м., беҳтар гардидани изолясияи печаҳо такмил ёфт. Ҳозир навъҳои гуногуни трансформаторҳои электрие мавҷуданд, ки дар соҳаҳои мухталифи техника истифода мешаванд. Трансформатори қуввагӣ яке аз намудҳои асосии трансформатори электрӣ ба ҳисоб меравад, ки дар байни он гурӯҳи асосиро трансформаторҳои қуввагии дупечадор ишғол мекунанд. К. а. м.-и трансформатори электрии қуввагии баландиқтидор 98—99% аст. Ин хел трансформатори электрӣ (равғанӣ)-ро одатан дар ҳавои кушод мегузоранд. Трансформаторҳои беравғанро трансформатори электрии хушк меноманд. Трансформаторҳои хушкро бештар дар радиотехника истифода мебаранд. Навъҳои дигари трансформаторҳои қуввагӣ низ мавҷуданд, ки онҳо барои санҷидани шиддат ва қувваҳои ҷараёни баланд (трансформатори ченкунанда, трансформатори шиддат, трансформатори қувваи ҷараён), паст кардани дараҷаи талафи хати алоқа (трансформатори фурӯкаш), ба шакли импулсӣ овардани шиддати синусоидалӣ (пиктралсформатор табдили импулсҳои қувваи ҷараён ва шиддат (трансформатори импулсӣ) таъин шудаанд.
Д. Давлатшоев.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …