Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТРАКТОР

ТРАКТОР

ТРАКТОР (аз лотинӣ traho — мебарам, мекашам), мошини тасмачарх ё чархин худпардро гӯянд, ки барои корҳои хоҷагии қишлоқ, роҳсозӣ, заминковӣ, боркашонӣ ва ғайра таъин шудааст.
Нахустин Тракторҳои чархдори бо муҳаррики буғӣ коркунанда соли 1830 дар Британияи Кабир ва Франция пайдо шуданд, ки онҳоро дар нақлиёт, корҳои ҳарбӣ ва баъдтар дар хоҷагии қишлоқ истифода карданд; дар хоҷагии қишлоқи ШМА аз соли 1890 ба кор мебаранд.

traktor-mtz
Трактори тасмачархро дар Россия Д. А. Загряжский (1837) ва А. П. Костиков-Алмазов (тақрибан 1889) ихтироъ карданд. Механики рус Ф. А. Блинов соли 1888 Трактори тасмачархи бо ду муҳаррики буғӣ коркунандаро сохт ва санҷид. Солҳои 1893—95 ихтироъкори худомӯзи рус Я. В. Мамин аробачаи худгардеро, ки муҳаррики дарунсӯз дощт, ихтироъ кард. Аввалин Тракторҳои чархии муҳаррики дарунсӯздорро фирмаи «Харт-Парр» (1901, ШМА) истеҳсол кард. Истеҳсоли Тракторҳои тасмачарх соли 1912 дар ШМА, баъдтар дар Германия ва дигарон давлатҳо сар шуд. Дар СССР аввалин Тракторро («Фордзон-Путиловец») соли 1923 сохта, истеҳсоли оммавии онро соли
1930 ба роҳ монданд. Ин имконият дод, ки аз соли 1932 импорти Тракторро бас кунанд. Тракторҳои замонавӣ баландсифатанд. Афзоиши иқтидори муҳаррикҳо, беҳтаршавии шароити кори тракторчӣ, универсалӣ, боэътимодӣ ва хушсифатии кор — чунин аст инкишофи техникии Трактор Автоматонии идораи механизмҳо ва агрегатҳои Трактор амалӣ мегарданд. Моделҳои нави Тракторҳо (нигаред расм) — К-701, Т-150 К, МТЗ-80/82 ва ғайра бо муҳаррикҳои дизелии пурсамар, қуттиҳои таҳвили серзина, кабинаҳои вентилясиядор ва ғайра ҷиҳозонида шудаанд.
Тракторҳо аз рӯи таъиноташон ба Тракторҳои хоҷагии қишлоқ ва Тракторҳои саноатӣ ҷудо мешаванд. Тракторҳои умумии хоҷагии қишлоқ дар ҳолати агрегати бо механизмҳои махсус (механизмҳои шудгор, култивация, кишт, ғунучин ва ғайра) амал мекунанд. Тракторҳои пуриқтидори хоҷагии қишлоқ барои аз худ намудани заминҳои навкорам ва бекорхобида, кандани решаи дарахтон ва дигар корҳо истифода мешаванд. Тракторҳои шудгоркунанда ба механиконии коркарди байниқаторӣ [култивация, нармкунӣ, дорупошӣ, ғунучини ҳосил (ҷуворимакка, лаблабуи қанд, пахта) ва ғайра] имконият медиҳанд. Қувваи кашиши Тракторҳои саноатӣ нисбат ба Тракторҳои хоҷагии қишлоқ бештар аст. Онҳо дар ҳолати агрегатӣ бо мошинҳои (асбобҳои) овеза (белҳон булдозерӣ, барфтозакунак, дӯли экскаваторӣ) ва ядакӣ (скропер, грейдер ва ғайра) корҳои заминковӣ, роҳсозӣ, мелиоративӣ ва ғайраро иҷро мекунанд. Дастгоҳи қувва аз мӯҳаррик ва олатҳои кори оиро таъминкунанда иборат аст. Тракторҳои чархӣ тавассути чархҳои пеш идора мешаванд. Барои гардиши Трактори тасмачарх басомади гардиши чархҳои барандаи тасмачархи рост ё чапро исгифода мебаранд (басомадро ба воситаи муфтаҳое тормозҳо тағйир медиҳанд).
Таҷҳизоти электрии Трактор аз мавбаъҳои электрӣ (баъареяҳои аккумуляторӣ, генератор), асбобҳои корандозии муҳаррик, вентеляцияи кабина, интиқоли сигналҳои садоӣ ва шуоъӣ иборат аст. Дар Тоҷикистон соли 1926 аввалин Трактор пайдо шуд. Соли 1930 дар районҳои асосии пахтакорӣ — Шаҳртуз, Сарои Камар (Панҷ), Арал (Куйбышев) ва Чептура (Ҳисор) нахустин 4 стансияи мошинию тракторӣ ташкил шуд, ки онҳо 300 тарктор доштанд. Ҳоло дар колхоз ва совхозҳои республика тракторҳои навъи К-701, Т- 150, МТЗ-вО/82, Т-150 К ва ғайра васеъ истифода мешаванд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …