Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТРАГЕДИЯ

ТРАГЕДИЯ

ТРАГЕДИЯ (юнонӣ tragodia, айнан— суруд дар бораи буз, аз tragos— буз ва оde — суруд), яке аз жанрҳои драмаро гӯянд, ки манбаи пайдоишаш маросими Дионисия мебошад.
Дар ин маросим ба шарафи Дионис қурбонӣ карда, сурудҳои мадҳӣ дар васфи ӯ ва бузи кушташуда мехонданд. Ин сурудхонаҳо ва маросими динӣ тадриҷан ба намоиши театрӣ табдил ёфтанд ва бо номи трагедия машҳур гардиданд.
Трагедия чун асари бадеии адабиёти юнониёни қадим, ки оҳангу мазмуни ҳузнангез ва фоҷиавӣ дошт, дар рисолаи «Фанни шеър»-и Абӯали ибни Сино (фасли «Ғаразҳои шеърӣ донолӣ») тафсиру баррасӣ шудааст. Дар адабиётшиносии имрӯзаи тоҷик ба ҷои трагедия истилоҳи фоҷиа маъмул аст.
Адабиёт: Фанни шеър, Душанбе, 1986.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …