Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТРАЕКТОРИЯ

ТРАЕКТОРИЯ

traektoriya

ТРАЕКТОРИЯ (аз лотинӣ trajectorius — мансуб ба ҷойивазкунӣ), хати бефосилаест, ки ҳангоми ҳаракати нуқта ба вуҷуд меояд. Агар траектория хати рост бошад, ҳаракати нуқтаро ростхатта, дар акси ҳол каҷхатта меноманд. Намуди траекторияи нуқтаи материалии озод ё ҳаракат ба инҳо вобастаанд: қувваҳон ба нуқта таъсиркунанда, шартҳои ибтидоии ҳаракат, интихоби системаи сарҳисоб; барои нуқтаи ғайриозод намуди траектория ба робитаҳои механикӣ ҳам вобаста аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …