Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТОКСИКОЛОГИЯ

ТОКСИКОЛОГИЯ

ТОКСИКОЛОГИЯ (аз юнонӣ toxokon — заҳр ва ….логия), заҳршиносӣ, як қисмати тибро гӯянд, ки хосияти физикӣ ва химиявии заҳрҳо, таъсири онҳоро ба организм ва роҳҳои пешгирию муолиҷаи заҳролудиро меомӯзад. Токсикология заҳрҳои пайдоишашон гуногунро тадқиқ менамояд. Дар «Вандидод»-и Авесто оид ба заҳролудӣ, усулҳои муборизаи зидди ҳашарот, мор ва дигар ҷонварони заҳрнок баъзе маълумотҳо мавҷуданд.

toxikology

Зикри баъзе заҳрҳою таснифоти онҳо ва заҳролудӣ дар тибби Дунёи Қадим—асарҳои Дисқуридус (асри 1 мелод) ва Ҷолинус (асри 2 мелодӣ) низ ба назар мерасад. Дар инкишофи Токсикология ва ҷустуҷӯи подзаҳрҳою тарзи истифодаи онҳо Ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ ва дигарон саҳми арзанда доранд. Токсикологияи илмӣ (миёнаи асри 19) баробари инкишофи тибби таҷрибавӣ ба нашри асари олимони франсавӣ М. Ж. Орфида ва А. Рабюто алоқаманд аст. Асосгузори Токсикология дар Россия А. П. Нелюбил (1785—1858) ва Е. В. Пеликан (1824—84) буданд. Дар Тоҷикистон ба омӯзиши Токсикология дар лабораторияи химияи тиббии судӣ, шӯъбаҳои заҳршиносии Институти эпидемиология ва дорушиносии таҷрибавии Институти гастроэнтерологияи Академияи Фанҳои Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон машғуланд. Ю. Нуралиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …