ТОВУС

ТОВУС, мурғи биҳишт (Раvо), як навъ мурғи зебост аз оилаи тазарвиҳо. 2 намуди Товус (муқаррарӣ — Р. сristetus ва кабудбол — Р. muticus) маълум аст. Товуси муқаррарии нарина хеле хушранг аст; дарозии танаш 100—125 см, думаш 40—45 см. Парҳои болои думаш (калал), ки онҳоро иштибоҳан дум меҳисобанд, хеле дарозанд (120— 130 см) ва «чашмакҳо»-и базеб доранд. Вазнаш 4—4,25 кг.

tovus

Сар, гардану қафаси синааш кабуд, пушташ сабз, шикамаш сиёҳ. Товуси модина нисбатан хурдҷусса буда, парҳои дароз надорад. Ба монанди Товуси нарина хушранг нест. Дар нимҷазираи Ҳиндустон ва ҷазираи Шри-Ланка маскун аст. Товуси кабудбол хушрангу зебост. Товусҳои наринаву модина аз ҷиҳати ранг ба ҳам хеле монандавд. Дар Ҳиндухитой, Малакка ва Суматра вомехӯрад. Товус дар буттазор ва соҳили дарёҳо зиндагӣ мекунад. Дар замин лона месозад ва 5—6-то тухм метузорад. Товуси модина баъди 27—30 рӯз чӯҷа мебарорад. Асосан нармбаданҳо (моллюскҳо), ҳашарот ва растаниро мехӯрад. Товус дар байни мардуми Шарқ аз қадим машҳур аст. Товус дар Ҳиндустон қисман хонагӣ шудааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАҲО

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …