Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии ТОТОРИСТОН

Ҷумҳурии ТОТОРИСТОН

ТОТОРИСТОН, Республикаи Аз.тодом ии Советии Соцнал и ст й (Татарстан Автономии Совети Сосиалистӣ (Татарстан Автономияле Совет Сосиалистик Республикасы), дар ҳайати РСФСР. 27 майи 1920 таъсис ёфтааст. Масоҳат 68 ҳазор км2. Аҳолиаш 3494 ҳазор вафот (1984); тоторҳо (1642 ҳазор наф, мувофиқи барӯйхатгирии аҳоли 1979), русҳо, чувашҳо ва ғайра. Аҳолии шаҳрӣ 65%. Тотористон 37 район, 16 шаҳр ва 23 птш дорад. Пойтахташ шаҳри Қазон.

tararistan
Сатҳи Тотористон асосан ҳамвор, дар соҳили рости дарёи Волга (баландии Наздиволга) воқеъ гаштааст. Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарорати миёнаи январ аз —13оС то —15оС, июл 19— 20оС. Боришоти солона 360—510 мм. Ҳудуди Тотористонро дарёҳои Волга, Кама, Белая ва Вятка бурида мегузаранд. Қариб ними обанбори Куйбышев дар ҳудуди Тотористон ҷойгираст. 16% ҳудуди Тотористон бешазор мебошад.
Дар асрҳои 10—14 тамоми сарзамини Тотористон ба давлати Булғорияи Волгаю Кама дохил буд. Булғорҳо ва дигар халқҳои Поволжия бар зидди истилои тотору муғулҳо (1223—40) қаҳрамонона мубориза бурданд. Соли 1241 Булғорияи Волгаю Кама ба ҳайати Олтинӯрда дохил гардид. Баъди пароканда шудани давлати Олтинӯрда дар ҳудуди Тотористон хонии Қазон ба вуҷуд омад (1438); соли 1552 ба давлати Рус ҳамроҳ карда шуд. Тоторҳо дар ҷавгҳои деҳқонон (солҳои 1670—71 бо сардории С. Разин) ва (солҳои 1773—75 бо сардории Е. Пугачёв) иштирок карданд. 8 ноябр 1917 дар Қазон Ҳокимияти Советӣ барқарор гардид. Солҳои 1916—19 гвардиячиёни сафед Тотористонро ду маротиба забт карданд. Армияи Сурх севетӣ соли 1918 Қазон ва аввали июни соли 1919 тамоми Тотористонро аз гвардвячиёни сафед озод кард. Бо қарори КИМ-и Умумироссия на СКХ-и РСФСР аз 27 майи 1920 Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Тотористон дар ҳайати РСФСР таъсис ёфт.
Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Тотористон ба республикаи саноатӣ ва хоҷагии қишлоқи мутараққӣ табдил ёфт. Соли 1977 истеҳсоли маҳсулоти савоат нисбат ба соли 1940-ум 49 маротиба афзуд. Махсусан истихроҷи нефт, саноати химия (каучуки синтезй, пластмасса, кинофотоматериал, дорувор ва ғайра), мошинсозӣ (истеҳсоли автомобилҳои боркаши КамАЗ, моторҳои дизелӣ ва ғайра), саноати сабук (мӯина ва ғайра) ва хӯрокворӣ ривоҷ ёфтааст. ГРЭС-и Заивск кор мекунад. Сохтмони ГЭС-и Нижнекамск (аз 1962) давом дорад. Соли 1979 дар Тотористон 249 совхоз ва 553 колхоз буд. Асосан гандум, ҷавдор, канаб, картошка ва сабзавот мекоранд.
Боғдори низ ривоҷ ёфтааст. Гов, хук, гӯсфанд, парранда ва ҳайвони муина мепарваранд. Тули роҳи оҳан зиёда аз 700 км. Дарёҳои Волга ва Кама киштигарданд. Дар ҳудуди Тотористон нефтепроводи «Дӯстӣ» ибтидо мегирад. Республика бо орденҳои Ленин (1934), Революцияи Октябр (1970), дӯстии Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …