Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОШМУҲАММАДОВ Мастибек Давлатович

ТОШМУҲАММАДОВ Мастибек Давлатович

ТОШМУҲАММАДОВ Мастибек Давлатович (таваллуд 24. 12. 1908, деҳаи Поршневи раёни Шуғнони ВАБК), ходими ҳарбӣ, генерал-майор (1962). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1931. Соли 1925, баъди хатми мактаби ибтидоӣ дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд таҳсил кард. Ташкилотчии корҳои комсомолии раёни Кангурт, котиби Комитети комсомолии округи Кӯлоб (1929—30), мудири шӯъбаи корҳои ҳарбию физкултураи кишвари осиёимиёнагии ВЛКСМ (1932), котиби якуми Комитети Маказии ЛКСМ Тоҷикистон, котиби якуми Камитети партйявии раёни Шаҳринав (1932—34) буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) дар фронтҳои Закавказия, Кавкази Шимолӣ ва Фронти 1-уми Украина бар зидди фашистони истилогар ҷангидааст. Солҳои 1946—51 ҷонишини командири Полки тирандози буд. 1951-55 сардори шӯъбаи сиёсии Коммиссариати ҳарбии вилояти Кӯлоб, 1955—57 сардори шӯъбаи сиёсии Комиссариати ҳарбии республика, 1957—70 комиссари ҳарбии республика буд. Аз соли 1971 дар истеъфо. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 5, 6, 7). Бо 2 ордени Байрақи Сурх, ордени Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 1 ва 2), 2 ордени Ситораи Сурх, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Туркманистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …