Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОШМАТОВ Ҷамолиддин

ТОШМАТОВ Ҷамолиддин

ТОШМАТОВ Ҷамолиддин (таваллуд 20 4. 1939, деҳаи Яккатераи раёни Конибодом), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи колхозчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1978. Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом (1956) ва Институти давлатии педагогии Ленинободро (1960) хатм кардааст. Ходими газетаи районии «Машъали коммунизм» (1961) ва газетаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (1962) буд. Аз соли 1962 ходими газетаи «Совет Тожикистонӣ». Аввалин маҷмуаи очеркҳояш «Дӯст — офтоби дил» (1970) дар Тошкент ба забони ӯзбекӣ чоп шудааст. Муаллифи китоби очеркҳои «Ситораҳои комбинат» (1971),-«Хонасозон» (1972), «Шараф аз меҳнат» (1973), «Ситораи Розия» (1980), «Ситораҳои рахшон» (1985) ва ғайра. Узви Иттифоқи Нависандагони СССР аз соли 1980. С. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …