Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОШЕВ Облоқул

ТОШЕВ Облоқул

ТОШЕВ Облоқул (таваллуд 12. 2. 1931, Панҷакент), иқтисодчӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ (1973), профессор (1977). Аъзои КПСС аз соли 1955. Соли 1954 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст. Муаллими мактаб, инструктори Комитети Марказии ЛКСМ Тоҷикистон, 1957— 60 муаллими иқтисоди сиёсии Мактаби партиявию советии назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Институти давлатии педагогии Душанбе, досенти кафедраи иқтисоди сиёсӣ, 1974—81 декани Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва аз соли 1981 мудири кафедраи иқтисоди сиёсии Институти давлатии педагогии Душанбе. Тошев асосан оид ба бюҷети оила, даромад ва хароҷот, фондҳои истеъмолии ҷамъиятӣ дар колхозҳо ва некӯаҳволии меҳнаткашон дар давраи социализми мутараққӣ тадқиқот бурда, зиёда аз 60 асару мақолаҳои илмӣ навиштааст.
Асар: Фондҳои ҷамъиятии истеъмол ва таъсири онҳо ба инкишофи иқтисодиёти колхозҳо, Душанбе, 1975; Бюҷети оила ва фондҳои ҷамъиятии истеъмол, Душанбе, 1978; Социално-экономические проблемы развития и использования обществеииых фондов потребления колхозов, Душанбе, 1978.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …