Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТОРТАНАКШАКЛҲО

ТОРТАНАКШАКЛҲО

ТОРТАНАКШАКЛҲО (Аrachnoidea), як синфи ҷонваронb бемӯҳраро гуянд, ки ба бандпойoо мансубанд. Бештар аз 35 ҳазор намуд дошта, қатори каждумҳо, каллаи гӯсола тортанакҳо, Раlpigradi, Рseudoscoppiones, Орiliones ва Ricinueli-ро дар бар мегиранд; қамчинакпойҳо ва канаҳо низ аз ҷумлаи Тортанакканаанд. Тортанаккана ҷонварони ҷудоҷинса буда, асосан тухмгузор ва баъзеашон (аксари каждумҳо) зиндазоянд. Ҷои зисташон хушкӣ ва баъзан об (тортанаку канаҳои обӣ).

tortanak

Дар Тоҷикистон қариб 700 намуди Тортанаккана (қаторҳои каждумҳо, гӯсоласарак, тортанакҳо, Рseidoscorpiones, Оpiliones ва гуруҳи канаҳо) вомехӯранд; хӯрокашон асосан бандпойҳои дигар, кирмҳо, нармбаданҳо ва хазандаҳои майда. Тортанаккана ҷонварони бандпои хушкигарди қадим буда, аз трилобитҳо пайдо шудаанд. Тортанакканаи қадимтарин аз замони охири давраи Силур маълуманд.
А. П. Кононенко.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …