Маълумоти охирин

ТОРОН

ТОРОН, тору торонак, торони даббоғӣ (Роlygonym соriarium), як навъ гиёҳи худрӯест (аз оилаи торониҳо). Пояаш сершох, то 1,8 м қад мекашад. Моҳҳои июн — август гул карда тухм мебандад. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон гиёҳи маъмул аст. Одатан дар минтақаи буттаву бешазор ва ноҳияҳои субалпӣ ва ғайра (1200—3400 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд.

toron

Торон гиёҳи хӯрданист. Пояи навраси он хуштаъм ва барои организм (алалхусус узвҳои ҳозима) хеле муфид аст. Торон дар дунё яке аз беҳтарин растаниҳои даббоғӣ мебошад. Бехи он манбаи моддаҳои даббоғист (15—32%). Баргашро барои ранг карданя мӯина (зарду сабз) истифода мебаранд. Гулаш сершаҳд. Торони наврасро моли майда наға мехурад. Баргу пояаш 15,8% протеин, 13,87% сафеда, баргаш 419,6 мг% ва пояаш 185 мг% витамини С дорад.
М. Хоҷиматов. М. Саидов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …