Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ТОПОНИМИКА

ТОПОНИМИКА

toponimika

ТОПОНИМИКА (аз юнонӣ (topos— маҳал, мако ҷой ва onuma— ном), як ҷузъи ономастика, ки таъриху шароити пайдоиш, инкишоф, маънову мундариҷа ва макони интишори номҳои географӣ (топонимҳо)-ро меомӯзад. Маҷмӯи номҳои географии ин ё он маҳал топонимияя он мебошад. Барои ишораи номи маҳалҳои калон истилоҳи макротопоним» (макро…— калон), барои исми маҳалҳоии хурд микротопонимро (микро…— хурд) истифода мебаранд. Топонимика ба ҷузъҳои дигар — гидронимика (илмест оид ба номи объектҳои табиӣ ва сунъии об), космонимика (илмест оид ба номи ҷирмҳои осмонӣ), ойконимика (илмест оид ба номи маҳалҳои аҳолинишин), оронимика (илмест оид ба номи унсурҳои релефи рӯи замин), урбанонимика (илмест оид ба номи ҷузъҳои гуногуни шаҳр) ва ғайра тақсим мешавад. Топонимика бо илмҳои таърих, география алоқаманд аст.
Омӯзиши номҳои географӣ аҳамияти калони назарӣ ва амалӣ дорад. Масалан, аз таҳлили номҳои қадимӣ ва ҳозираи маҳалҳо доир ба кӯчи қавму тоифаҳо, маскангирӣ ва муносибати онҳо бо қавмҳои дигар хулосаҳои дақиқи илмӣ баровардан мумкин аст. Тарзи талаффуз, сохти грамматикӣ, маънои луғавии топонимҳои зиёди забои аз ҳодисаҳои забоние дарак медиҳанд, ки дар давраҳои гузаштаи таърихи забон вуҷуд доштаанду бо мурури замон аз байн рафтаанд. Топонимика чун соҳаи илми забоншиносӣ дар охири асри 19 инкишоф ёфт.
Адабиёт: Мурзаев Э. М., Очерки по топонимии, Москва, 1974; Хромов А. Л., Очерки по топонимии и микротопонимии Таджикистана, в 1, Душанбе, 1975.
Р. Додихудоев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …