Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шоҳии ТОНГА

Шоҳии ТОНГА

ТОНГА (Тоngа), Шоҳии Тонга, давлатест дар ҷанубу ғарби уқёнуси Ором, дар галаҷазираи Тонга. Масоҳаташ 699 км2. Аҳолиаш 101,2 ҳазор нафар (1983); асосан полинезиҳо — тонгаиҳо. Забони расмӣ — тонгаӣ ва англисӣ. Динашон асосан протестантӣ; католикон ва насрониён низ ҳастанд. Пойтахт ва бандари асосиаш Нукуалофа. Тонга ба Иттиҳоди Британия дохил аст. Сардори давлат—шоҳ, органи қонунбарор — Ассамблея.
Тонга аз ду силсилаи ҷазираҳо (ғарбӣ — ҷазираҳои вулқонӣ, шарқӣ — ҷазираҳои марҷонӣ) иборат аст. Иқлимаш тропикии баҳрист. Ҳарорати миёнаи моҳона 20—26 С. Боришоти солона 2000 мм. Бешазори сернами тропикӣ дорад.

tonga
Аввалин давлати полинезиҳо тақрибан асри 10 ба вуҷуд омадааст. Асри 17 ҷазираҳоро европоиён кашф карданд. Солҳои 1900—70 Тонга протекторати Англия буд. 4 июни 1970 Тонга давлати мустақил эълон шуд. Аз соли 1975 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.
Асоси иқтисодиёти Тонга хоҷагии қишлоқ аст. Зироати экспортиаш: норҷил, банан, растаниҳои цитрусӣ. Барои истеъмоли аҳолӣ батат, маниок, ямс, таро мекоранд. Асосан гов, хук, буз мепарваранд. Мурғпарварӣ ва моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст. Ба хориҷа мағзи норҷил, копра, банан, меваҳои цитрусӣ мебарорад. Шарикони асосии тиҷоратиаш; Зеландияи Нав, Австралия, Британияи Кабир. Воҳиди пул — паанга.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …