Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТОМ-УТ-ТАВОРИХ»

«ТОМ-УТ-ТАВОРИХ»

«ТОМ-УТ-ТАВОРИХ» асари таърихиест, ки ба қалами Абдуллоҳи Балхӣ мансуб буда, солҳои 1597—98 ба забони тоҷикӣ (дар Бухоро) таълиф шудааст ва воқеаҳои таърихиро то охири асри 16 дар бар мегирад.
Воқеаҳои таърихии дар асар тасвирёфта маълумоти моро доир ба таърихи водиҳои Ҳисор, Бахш, Қаротегин, Бадахшон, шаҳрҳои Конибодом, Хуҷанд ва Уротеппа дар давраи истило ва ҳукмронии сулодаи Шайбониён пурратар мегардонанд. Дар сарчашмаҳои таърихии дастрас нами вилояте, ки тобеи шаҳри Вахш бошад, дучор нагардида буд. Дар «Том-ут-таворих» шаҳри Вахш, «Қалъаи Вахш», вилояти тобеи он «Вахшвар» зикр меёбад. Дар «Том-ут-таворих» аз таърихи истилои Шайбонихон, ғоратгарии лашкариёни ӯ, харобшавии шаҳру деҳот, муборизаи мардонаи мардуми қалъаи Ҳисор баҳри озодӣ, аз тарафи лашкари Шайбониён зеру забар шудани қалъаи Дабусия (1500), толон гаштани музофотҳои Хуҷанд, Шоҳрухия то лаби оби Чирчиқ (1502) ва ғайра маълумоти зиёде ҳаст.
«Том-ут-таворих» барои омӯхтани таърихи Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.
Адабиёт: Мухторов А., Аз паи таърихи куҳан. Душанбе, 1975.
А. Мухторов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …