Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТОМСК

Шаҳри ТОМСК

ТОМСК, шаҳр, маркази вилояти Томски РСФСР. Дар соҳили рости дарёи Том воқеъ аст. Бандари дарёи, стансияи роҳи оҳан. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 467 ҳазор нафар (1984). Дар Томск корхонаҳои саноати мошинсозӣ ва коркарди металл, химия, чӯбгарӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ мавҷуданд.

tomsk-c

Як қатор институтҳои тадқиқоти илмӣ, 6 донишкадаи олӣ (аз ҷумла университет, институтҳои политехникӣ ва тиббӣ), 17 мактаби миёнаи махсус, 15 китобхонаи оммавӣ, 2 театр, музеи кишваршиносӣ дорад. Шаҳр соли 1604 бунёд шудааст. Аз соли 1944 маркази вилояти Томск бо ордени Революцияи Октябр (1979) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …