Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТОМИЗМ

ТОМИЗМ

ТОМИЗМ, таълимоти Фомаи Аквинӣ ва равияи фалсафии католикии таъсискардаи ӯ, ки таълимоти Арастуро бо талабҳои оини масеҳӣ мутобиқ месохт. Дар давраи схоластика мавқеи муҳим дошт, афлотунияи Августин (354—430) ва рушдияро маҳдуд намуда буд. Дар асри 14 У. Оккам ба Томизм зид баромад. Тачдиди фаъолияти Томизм ба марҳилаи дуюми инкишофи схоластика (асри 16) рост меояд (нигаред низ Неотомизм).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …