Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОМИН Николай Дмитриевич

ТОМИН Николай Дмитриевич

tomin-nd

ТОМИН Николай Дмитриевич (16. 12. 1886, қасабаи Кочердык, ҳозира райёни Целинии вилояти Курлан — 12. 8. 1924, Кӯлоб), қаҳрамони Ҷанги гражданӣ (1918—20). Аз оилаи казак. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1924. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18). Соли 1924 аввал фармондеҳи Бригадаи 6-уми савораи Олтой дар Бухорои Шарқӣ, сипас фармондеҳи Бригадаи махсуси савораи Олтой дар Кӯлоб таъин гардид ва дар муборизаи зидди дастаҳои босмачиён саҳми калон гузошт. Дар задухӯрди назди деҳаи Тугарак сахт ярадор шуд ва дере нагузашта вафот кард. Дар колхози ба номи Томини раёни Восеъ ва маркази шаҳри Кӯлоб ба ёдбуди Томин ҳайкалҳо гузоштаанд. Яке аз кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб низ ба номи ӯст. Бо 2 ордени Байрақи Сурх мукофотонида шудааст.           X. Салимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …