Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛСТОЙ Лев Николаевич

ТОЛСТОЙ Лев Николаевич

ТОЛСТОЙ Лев Николаевич (9. 9. 1826, Ясная Поляна, ҳозира раёни Щёкини вилояти Тула—20. 11. 1910, стансияи Асталовои роҳи оҳани Рязань — Урал, ҳозира стансияи Лев Толстой вилояти Липецк; дар Ясная Поляна мадфун аст), нависалдаи рус. Маълумоти ибтидоиро дар оила гирифт. Соли 1843 ба Қазон омада, таҳти роҳбарии Мирзо Муҳаммадалӣ Козимбек курси таиёриро гузашт ва соли 1844 ба университети ин ҷо дохил шуд. Соли 1847 университетро аз курси сеюм тарк кард. Соли 1851 ба Кавказ (ст. Старогладковский) рафт. Аввалин қайдҳои адабии Толстой маҳз дар Кавказ сурат гирифтанд. Тарҳи асари аввалини Толстой — «Саргузашти дирӯза» низ дар ҳамин давра кашида шуда буд.

leo_tolstoy_portrait

Ду соли хилватгузини дар Кавказ дар рушду камоли маънавии Толстой такони бузурге шуд. Дар ин ҷо вай повести «Кӯдакӣ»-ро (1852, нахустин асари ҷонии Толстой офарид. Повести мазкур якҷоя бо повестҳои «Навҷавонӣ» (1852—54) ва «Ҷавонӣ» (1855—57; тарҷумаи тоҷикии «Кӯдакӣ, навҷавонӣ, ҷавонӣ», 1964) мебоист асоси романи калони тарҷумаҳолии ӯ —«Чаҳор давраи зиндаги»-ро (қисми охирини он — «Айёми шабоб» нонавишта монд) ташкил медод. Толстой дар повестҳои нахустини худ принципҳои реалистии мактаби натуралистии солҳои 40— тасвиру тадқиқи дақиқу ҳаматарафаи психология, олами ботинии бачагону наврасон ва ҷавононро зикр кардааст.

Толстой солҳои 1851—53 дар Кавказ дар амалиёти ҳарбӣ (аввал чун аскари оддӣ, сипас чун офицери артиллерия) иштирок карда, соли 1854 ба армияи Дунай гузашт. Пас аз саршавии ҷанги Қрим Толстойро бо хоҳиши худаш ба Севастопол гузарониданд. Ҳаёти аскарӣ, манзараҳои чанг барои ҳикояҳояш «Тохтутоз» (1853), «Дарахтбурӣ» (1853—55) ва «Ҳикояҳои Севастопол» (1855—56; тарҷумаи  тоҷикӣ 1953) материал доданд. Толстой дар ин силсила бо қатъияти тамом ҷангро маҳкум кардааст.

Соли        1855 ба Петербург омада, бо ходимони журнали «Современник» нависандагони машҳури демократ Н. А. Некрасов, И. С. Тургенев, И. А. Гончаров, Н. Г. Чернышевский шинос шуд. Ҳикояи «Субҳи помещик» (1856), повести «Алберт» (1857—58)      , ҳикояи «Люсерн» (1857) ва романи «Хушбахтии оилавӣ» (1658—59)     дар Петербург таълиф ёфтаанд.

Толстой, ки аз навиштаҳои хеш қонеъ набуду аз муҳити ашрофон ба танг омада буд, дар охири солҳои 50— аввали солҳои 60 аз кори эҷодӣ дур шуд ва дар Ясная Поляна манзил гузид. Солҳои 1859—62 он ҷо дар мактаби барои фарзандони деҳқонон бунёдкардааш бисёр заҳмат кашид. Толстой, ки худ аслан ашрофзода—граф буд, роҳи аз буҳрони маънавии охири солҳои 50 раҳоӣ ёфтаро дар наздик шудан ба халқ ва майлу эҳтиёҷи ӯ медид. Ҷустуҷӯҳои ғоявию эҷодии Толстой дар ибтидои солҳои 60— кӯшиши тасвир кардани характери халқ (ҳикояи «Поликушка», 1861—63; тарҷумаи тоҷикӣ, 1935), нақши эпикӣ («Казакҳо»), муроҷиат ба таърих (романи «Декабристҳо», 1860 —61; нашр 1884) ӯро ба таълифи романи «Ҷанг ва сулҳ» (1863—69, оғози нашр 1865; тарҷумаи тоҷикӣ, 1953—62)    ҳидоят намуд. Тасвири мукаммалу нозук, қисматҳои гуногун, манзараҳои нодири табиати рус аз аломатҳои эпикии услуби «Ҷанг ва сулҳ» мебошанд. Қаҳрамони роман зиндагӣ, ҷараёни ҳамвори он, шодию ғам, бурду бохт, лаҳзаҳои оддию ҷовидонӣ (таваллуд,ишқ, марг) ва тантанаи навсозии он гардид.

Аз ибтидои солҳои 70 Толстой дубора ба кори таълиму тарбия рӯ овард; «Алифбо» (1871—72) ва «Алифбои нав»-ро (1874—75) таълиф карда, барои ин китооҳо ҳикояҳои тоза навишт ва афсонаю масалҳои зиёдеро аз адабиёти рус, юнон, араб ва форс-тоҷнк аз нав ва баъзан бо тағйири сюжет нақл намуд, ки онҳо чаҳрр асари «Китоби русӣ барои хониш»-ро ташкил доданд.

Дар ҳамин давра Толстой гирифтори инқирози рӯҳие гардид, ки натиҷаи таваҷҷӯҳаш ба дин ва кӯшиши ӯ дар роҳи беҳтар кардани он буд. Таъсири ҳамин рӯҳия дар романи «Анна Каренина» (1873—77; нашр 1876—77; тарҷумаи тоҷикӣ 1960—61) ҳис мешавад. Бо вуҷуди ин романи мазкур ба мисли романҳои И. С. Тургенев ва Ф. М. Достоевский муҳимтарин масъалаҳои замонро бисьер тезу тунд ба пеш гузошт. «Анна Каренина» аз бисёр «ҷиҳат романи ҷустуҷӯҳо буд ва муаллиф ҳангоми таълифи он назарашро ба замон ва аҳволи хеш равшан намуд. Толстой охири солҳои 70 ба «шикасти» ғоявӣ дучор шуд ва тамоман ба мавқеи патриархалӣ гузашт. Ҷаҳонбинии нави Толстой дар асарҳои «Рози дил» (1879—80; нашр 1884) ва «Эътиқоди ман бар чист?» (1882—84) ҳаматарафа зуҳур ёфт. Вай ба хулосае омад, ки тамоми вуҷуди табақаҳои боло, ки худ дар он муҳит ба дунё омада буд, бар дурӯғи маҳз бунёд ёфтааст. Толстой солҳои 80 аз кори эҷодӣ дилхунук шуда, ҳатто роману повестҳои пешинаашро ҳамчун «дилхушии» ашрофона маҳкум кард. Вай дар ин давра ба меҳнати оддии ҷисмонӣ, аз ҷумла, заминронӣ машғул шуд, барои худ мӯза дӯхт ва парҳезро ихтиёр кард. Дар як вақт норозигии ӯ аз тарзи муқаррарии зиядагии наздиконаш бештар гардид. Дар асарҳои публицистии «Чи бояд кард?» (1882—86) ва «Ғуломии замони мо» (1899—1900) ноҳамвориҳон тамаддуни замонро зери танқиди сахт гирифта бошад ҳам, роҳи аз ин ҷаҳлат халос шуданро асосан дар тарбияи динию ахлоқӣ медид. Баробари таълифи повестҳои «Марги Иван Илич» (1884—86), «Сонатаи Крейдер» (1887—89; нашр 1891) ва «Иблис» (1880—90; нашр 1911) ба драматургия шавқи зиёд пайдо кард. Драмаи «Ҳокимилти ҷаҳолат» (1886) ва мазҳакаи «Самараи маърифат» (1886—90; нашр 1891) гӯё ду паҳлуи як фикри томи муаллиф мебошанд. Дар драма таъсири зараровари маданияти шаҳр ба деҳа фош шудааст. Он бо забони соддаи халқӣ ва реализми тасвири ҳаёти деҳот ҷолиби диққат аст. Майли содда ва ба шуури халқ наздик навиштан азме буд, ки Толстой онро дар «ҳикоятҳои халқӣ» «Хаёти навъи башар баста ба чист?», «Шамъ», «Ду пирамард», «Об ба одамӣ замини зироат бисёр лозим аст?» ва ғайра амалӣ гардид. Дар ин силоила ҳикояи ка лони «Хӯҷаин ва хизматгор» (1894—95) мавқеи хос дорад. Толстой солҳои 90 кӯшидааст ақидаҳои худро дар бораи санъат аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намояд. У санъати баландмазмуни ба мақеаъҳои ахлоқию динӣ оидро аз санъати берӯҳи декадентӣ боло мегузошт (рисолаи «Санъат чист?» 1897—98).

Романи «Эҳё» (1889—99) яке аз асарҳои асосии Толстой аст. Навъи нави роман — панораман иҷтимоӣ ба нависанда имкон дод, ки як силсила намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамъиятро дар назари хонанда ҷилвагар созад. Толстой дар айёми пиронсолӣ боз ба жанри ҳикоя рӯ овард. Повести «Ҳоҷӣ Мурод» (1896—1904; нашр 1912; тарҷумаи тоҷикӣ 1936), ки аз унсурҳои ҳикоянигорӣ саршор аст, муваффақияти эҷодии ӯ дар он солҳо буд. Табаддулоти революционии солҳои 1905—07 ба эҷодиёти Толстой, махсусан ба таълимоти вай—«толстойчигӣ», бетаъсир намонд ва акнун худи нависандаи бузург ба «идеалӣ» будани таълимоти худ бо назари шубҳа менигарист. Мақолаи ба муқобили ҳукми қатл навиштаи ӯ «Хомуш буда наметавонам» (1908), дар тамоми ҷаҳон машҳур гардид. Охири умраш дар Ясная Поляна гузашт.

Толстой 10 ноябри 1910 пинҳони аз Ясная Поляна баромада рафт ва дар роҳ шамол хӯрда, дар стансияи Астапово вафот кард.

Толстой дар инкишофи реализми «адбиёти рус ва ҷаҳон давраи нав кушод ва байни анъанаҳои романи классикии асри 19 ва адабиёти «асри 20 риштаи пайванд кашид. Анъанаҳои реалистии Толстой барои адабибти ҷавони советӣ мактаби бузурги омӯзиши маҳорат гардиданд. Бисёр нависандагони бузурги дунё аз эҷодиёти Толстой таъсир дидаанд. Адибони Ҳиндустон (Робиндранат Такур), Эрон, Саиди Нафисӣ) ва Тоҷикистон (С. Айни) дар бораи Толстой бо эҳтиром сухан рондаанд. Омӯзиши эҷодиёти Толстой дар адабяётшиносии ваданию хориҷӣ ҳанӯз дар вақти зинда будани ӯ сар шуда буд. Мақолаҳои Г. В. Плеханов, В. Т. Королелко, очерки М. Горышй «Лев Толотой дар омӯзиши эҷодиёти Толстой аҳамияти калон даштанд» Мақолаҳои машҳури В. И. Ления «Лев Толстой ҳамчун оинаи революцияи рус», «Лев Николаевич Толстой», «Толстой ва муборизаи иролетариат», «Л. Н. Толстой ва замони ӯ» дар омузиши мероси бадеии ӯ таъсири ҷидди расонданд. Пас аз Револютсияи Октябр тадқиқи мероси Толстой бештар авҷ гирифт.

Дар Ясная Поляна — раёни Щёкини вилояти Тула Музей-ҳавлии давлатӣ, дар Москва дар кучаи Кропоткинская, 11 Музеи давлатӣ ва тангкӯчаи Долгохамовническии ҳозира кӯчаи Лев Толстой, 21 Музей-ҳавлӣ, дар ст. Лев Толстой (стансияи пештараи Астапово) Музеи Толстой кушода шудааст.

Толстой бо адабиёти классикии форс- тоҷик ошно буд. У аз «Ҳазору як шаб», «Калила ва Димна», «Қуръон», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънави»-н Ҷалолуддини Румӣ, рубоиёти Умари Хайём, «Таърихи Бухоро»-и Наршахи, ғазалиёти Ҳофиз ва ғайра вуқуфи тамом дошт. Масалан, М. И. Лидерле ном ношире дар арафаи 63-солагии Толстой анкетае фиристода, аз ӯ хоҳиш доштаст, ки беҳтарин китоби хондаашро ном барад. У дар ҷавоби ин савол «Ҳазору як шаб» (махсусан фаслҳои «Чил роҳзан» ва «Шоҳзода Қамаруззамон») ва ашъори А. С. Пушкинро ёдовар шудааст. «Гулистон»-и Саъдӣ ҳам аз ҷумлаи китобҳои маҳбуби ӯ будааст. «Дар ҷавонӣ «Гулистон»-ро мутолиа карда будам ва то ҳол, яъне тамоми умр таровати онро ҳис мекунам»,— гуфтааст Т. У ҳангоми таълифи «Алифбо» ва «Китобҳои русӣ барои хониш» аз боби 3-юми «Гулистон» ҳикоятеро тарҷума карда, дар асоси он ҳикояи «Шайхе аз шаҳр меомад»-ро навиштааст. Толстой дар дигар китобҳои худ, аз ҷумла «Хонданиҳо» (1904—08), «Роҳи зиядагй» (1910) 43 ҳикмат ва масали Саъдиро дохил намудааст.

Хонандагони тоҷик бо эҷодиети Толстой аз солҳои 50 асри 19 ошноӣ доштанд. То чӣ дараҷа ба осори Толстой дилбастагӣ доштани хонандагони тоҷикро аз ин фаҳмидан мумкиш аст, ки ба қавли В. Бартолд, 18 марти 1901 дар саҳни мадрасаи Шердори Самарқанд 5000 кас баъди намози суоҳ ба по рост истода, ҳикояи Толстой «Ҳаёти навъи башар вобаста ба чист?»-ро гӯш андохтаанд. Ҳикояро воизи машҳури Самарқанд Мирзо Маҳмуд қироат кардааст. Солҳои 30 асри 20 марҳилаи наву пурсамари тарҷумаи тоҷикии осори Толстой оғоз ёфт. Дар ин давра С. Айнӣ, С. Ализода, А. Лоҳути, Ҳ. Карим, С. Улуғзода, Ҳ. Аҳрорӣ, Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар ва Р. Ҳошим ба тарҷума ва таҳрири асарҳои Толстой пардохтанд.

Адибону олимони тоҷик асосан аз соли 1901 ҳаёт ва эҷодиёти Толстойро ба доираи тадқиқ кашидаанд. С. Айнӣ, А. Шакурӣ, С. Манофзода, Р. Ҳошим,C.      Улуғзода, М. Шукуров ва А. Маниёзов дар тадқиқи осору афкори Толстой ҳисса гузоштаанд.

Осор: Полное собрания соччинение, том 1—90, Москва— Л.. 1928—58; Собр. соч., том 1—20. Москва. 1960—65; Ассосҳои мунтахаб, ҷилди 1—8, Душанбе, 1978 —82.

Адабиёт: Раҳим Ҳошим, Чанд сухан дар бораи яке аз тарҷумонхои аввалини адабиёти бадеии рус ва китоби ӯ, «Садои Шарқ», 1959,Маниёзов А., Даҳаи адабиёти рус, «Шарқи сурх», 1960. М 11; Шукуров М„ Аз таърихи тарҷумаи асарҳои Л. Н. Толстой ба забони тоҷикӣ, дар китоби: Паёми бародарӣ, Душанбе 1972; Шифман А„ Лев толстой и Восток, Москва 1971; Розенфелд А. 3„ «Кавказский пленник», на таджикском языке, дар китоби: Яснополянский сборник, Тула, 1978; Самад В„ Открывая неизвестные страницы, газета «Коммунист Таджикистана» 10 сентябри 1976; Юсупов Р„ Л. Н. Толстой и литература народов Совстского Союза, дар китоби: Л. Н. Толстой и современность. Москва 1981; Челышев Е. П., Лев Толстой и литература Востока, Москва 1981.

В. Самадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …