Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛСТОЙ Алексей Николаевич

ТОЛСТОЙ Алексей Николаевич

tolstoy-an

ТОЛСТОЙ Алексей Николаевич (10. 1. 1883, шаҳри Николаевск, ҳозира шаҳри Пугачёви вилояти Саратов—23. 2. 1945, Москва), нависандаи советии рус, ходими ҷамъиятӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1939). Аз соли 1905 ба шеъргӯй сар кардааст (маҷмуаи «Лирика», 1907). Толстой аввал моҳияти Револютсияи Октябрро нафаҳмида, соли 1919 ба хориҷа муҳоҷират кард. Вале соли 1923 ба СССР баргашт. Меҳри бепоёни Толстой нисбат ба ватан, ба забони русӣ дар тасвирҳои шоиронаи повести «Бачагии Никита» (1920) ифода ёфтааст. Солҳои 20— 30 дар эҷодиёти Толстой танқиди капитализм инкишоф ёфт: ҳикояҳои «Ҷумъаи тираву тор» (1924), «Иттифоқи панҷгона» (1925), романҳои илмию фантастикии «Гиперболоида инженер Гарин» (1927) ва ғайра. Ватани гумшуда ва бозёфта мавзӯи марказии трилогияи «Сарсонӣ ва саргардонӣ» (1922—41; Мукофоти давлатии СССР, 1943) мебошад. Повести «Ғалла» (1937; тарҷумаи тоҷикӣ 1949) аз ҷиҳати мавзӯъ ба трилогия ваздшш дорад. Романи таърихии «Пётри якум» (Мукофоти давлатии СССР, 1941; китоби 1, 1929-30; китоби 2, 1933-34, китоби 3, нотамом, 1944—45), дар эҷодиёти Толстой марҳилаи наве буд. Роман эпопеяи бузургест аз қисмати миллати рус. Китоби бачагонаи Толстой «Калидчаи тилло ё Саргузашти Буратино» (1936; тарҷумаи тоҷикӣ 1939) асари дӯстдоштаи кӯдакони тамоми дунё гардидааст. Ватандӯстӣ мавзӯи асосии эҷодиёти Толстой дар давраи Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ (1941—45) мебошад. Ба қалами Толстой 42 песа, аз ҷумла дилогияи драмавии «Иваи Грозный» (1942; Мукофоти давлатии СССР, 1946) тааллуқ дорад. Асарҳои Толстой ба бисёр забонҳои халқҳои СССР ва ҷаҳон тарҷума шудаанд. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 1-ум). Бо ордени Ленин ва 2 ордени дигар мукофотонида шудааст.

Осор: Собрания сочинения, том 1—10, Москва, 1058— 81; Дисса ва ҳикояҳо, Душанбе, 1965.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …