Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛСТОВ Сергей Павлович

ТОЛСТОВ Сергей Павлович

tolstov-sp

ТОЛСТОВ Сергей Павлович (25. 1. 1907, Петербург—28, 12. 1976, Москва), археолог, этнограф, муаррих ва шарқшиноси советӣ. Доктори илмҳои таърих (1942), профессор (1943),аъзо-коррспонденти Академияи Фанҳои СССР (1953), академики Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон. (1956), Ходими Хизматнишондодаи. Илми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (1951), Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон, Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Қароқалпоқистон. (1967); Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Аъзои КПСС аз соли 1944. Соли 1930 Университети давлатии Москваро хатм кард. Солҳои 1942—65 директори Институти этнографияи Академияи Фанҳои СССР буд.

Тадқиқоти илмии Толстов, ба ҳалли масъалаҳои муҳими археология, этнография, таърихи давраҳои қадим ва асрҳои миёнаи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла таърихи дин, сохти ҷамъиятӣ, этногенез, ёдгориҳои давраҳои атиқа ва асрҳои миёна, равобити иқтисодию мадании халқҳо ва тақдири таърихи онҳо, таърихи обёрии қадим, ҳайкалтарошӣ ва санъати тасвирӣ, маданият ва ғайра оид аст. Толстов ташаббускор ва роҳбари Экспедицияи археологӣ ва этнографии Хоразм (1937—69). Толстов муаллифи бештар аз 300 асару мақолаҳои илмӣ. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1949). Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Асарҳо: Древний Хорезм. Опыт историкоархеологического исследования, Москва, 1948.

А. Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …