Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛПЫГО Борис Вячеславович

ТОЛПЫГО Борис Вячеславович

ТОЛПЫГО Борис Вячеславович (17. 1. 1893, ш. Богородское, гӯб. Москва—1937), яке аз иштирокчиёни фаъоли барпо ва мустаҳкам кардани Ҳокимияги Советӣ дар Осиёи Миёна. Аз оилаи коргар. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1918. Аз рӯзҳои аввали Револютсияи Кабири  Сосиалистии Октябр ба тарафи революсия гузашт.

Соли  1919 комиссари ҳарбӣ дар мавқеи Луга. Баъди Ҷанги гражданӣ Комиссари ҳарбӣ ва сардори шӯъбаи сиёсии Дивизияи 3-юми Туркистон буд ва бар зидди дастаҳои босмачиён дар РХСБ, аз ҷумла Бухорои Шарқӣ мубориза бурд. Марти 1925 котиби масъули Бюрои ташкили Партияи Коммунистии (б) Узбакистон дар Тоҷикистон, ҷонишини раиси Президиуми Комитети революционии республика ва аъзои Совети революсионии Корпуси 13-ум. Соли 1927 аввал котиби Совети иқтисодии Осиёи Миёна, баъд ҷонишини раиси Комиссияи округи Тошкент. Солҳои 1930—36 ҷонишини раиси СКХ Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Туркманистон. Бо ордени Ҳилоли Аҳмари РҲСБ (дараҷаи 1)       мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …